Намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз санаи 19 марти соли 2019, соати 10:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ҳамчунин донишҷуёни донишгоҳу доникадаҳои кишвар иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатуллоев Фаррухрӯз ва Абдуллоева Сафармоҳ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳии намоиш суханронӣ намуда, дар робита ба ин намоиш фикрҳои хешро баён намуданд.
Дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки дар давоми як сол бо роҳи харидорӣ, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки аз Наврӯзи 2018 то Наврӯзи 2019 3231 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи ОМТ харидорӣ шуда, 763 ададаш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳои гуногун ба Осорхона эҳдо гардидаанд.
Намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» рӯзи 19.03.2019 кушода гардида, то санаи 02.04.2019 идома меёбад.