Намоиши ҷадид

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” зери унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” намоиши асарҳои эҷодии рассомон ва дизайнерони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони ҳунар ифтитоҳ гардид.

Намоиши мазкур бахшида ба 10 солагии таъсисёбии ин донишкада ифтитоҳ гардидааст, ки то рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ идома менамояд. Зимнан сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд офаридаҳои рассомону дизайнеронро аз наздик тамошо намоянд.

Марҳабо ба намоиши намоиши асарҳои эҷодии рассомон ва дизайнерони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки дар давоми як соли охир офарида шудаанд ва аз ҳунари волои онҳо дарак медиҳанд.