Мӯъмин Қаноат – ситоишсарои ниёгони бузург
Бахшида ба љашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 89 солагиии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш дар мавзуи «Мӯъмин Қаноат – ситоишсарои ниёгони бузург» баргузор мегардад.
Мӯъмин Қаноат – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд.
Мукофот ва Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон, ордени Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус, нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд. Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1980).
Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), ва ғ. дастраси умум гардонида шудаанд.
Дар намоиш ашёи таърихие, ки бозгӯйи ҳаёту фаъолияти пурсамари устод Мӯъмин Қаноат мебошад, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла; осори санъати тасвирї, миз бо афзоли корӣ, аксҳои хотиравӣ аз давраҳои гуногуни ҳаёти шоир, ордену медалҳо, либосворӣ, зарфҳои ороишӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, дастнависҳо, осори шоир бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, тӯҳфаҳои давлатӣ, як адад дутор хотира аз санъаткори номвари халқи тоҷик Одина Ҳошим, қолин бо акси шоир ва ғ. ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоиш доираи васеъи олимон, адибон, шогирдон ва мухлисони устод, ҳамчунин пайвандонашон иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолият, эҷодиёт ва саҳми боризи Мӯъмин Қаноат дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ ошноӣ пайдо хоҳанд намуд.
Намоиш то 12 июн соли ҷорӣ идома меёбад.