Муаррифии ёдгориҳои Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии …
Муаррифии ёдгориҳои Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии Осорхонаи Британия зери унвони “Роҳи Абрешим”
Муаррифии ёдгориҳои Тоҷикистон дар доираи намоиши “Роҳи бузурги Абрешим” ки аз 26-уми сентябри соли 2024 то 23-юми феврали соли 2025 дар Осорхонаи Британия баргузор мегардад, амалӣ карда мешавад. Аз фонди Муассисаи Давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VI – VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон ва Вахш бозёфт гардидаанд, дар қисмати марказии намоишгоҳ гузошта шудаанд.
Боиси зикр аст, ки ин нахустин намоиши осорхонавии мероси антиқа дар шаҳри Лондон мебошад. Омӯзишу таҳқиқотҳои бешумор исбот намудаанд, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони Тоҷикон – Суғдиёну Бохтариён дар шоҳроҳи бузурги Абрешим нақши муассир дошта, пайвандгарони Шарқ ва Ғарб буданд. Аз ҷумла забони суғдӣ забони муоширати байналмилалии ин шоҳроҳ ба ҳисоб мерафт.