Муаррифии маркаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакон дар мавзуи “Дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон”

Рӯзи 26.11.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон муаррифии маркаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон” баргузор гардид.

Чорабинӣ дар якҷоягии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, устодону донишҷӯён ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурге дар таърихи навини ду кишвари бо ҳам дӯст ба ҳисоб рафта, ин ҷашни бисёр ҳам муҳимро ду миллати тамаддунофару сулҳпарвар ҳамчун ҷашнвора қайд намуданд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон тибқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ хусусан дар соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидаанд, ки шоистаи таҳсин мебошанд.

Робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ миёни ин ду кишвар имкон дод, то Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе равобити зичро ба роҳ монда, дар ин давра чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд. Аз ҷумла соли ҷорӣ намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзуи “Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон”, намоиши дигар бахшида ба 20 – солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор карда шуданд. Инчунин дар намоиши “Марҳабо ба 20-солагии СҲШ” маҳсули дасти рассомони ҷавони ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Зимнан Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиши маҷозӣ (виртуалӣ)-и кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бо ташаббуси  ҷониби Ҳиндустон зери унвони «Мероси муштараки буддоии кишварҳои узви СҲШ» баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд.

Бар замми намоишҳои болозикр ҳамчунин дар толорҳои намоишии доимоамалкунандаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон робитаҳои таърихию фарҳангии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ва фарҳанги буддоия ҳамарӯза ба тамошобинон муаррифӣ карда мешаванд.

Дар толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, туҳфаҳои ҷониби Ҳиндустон ба монанди амсилаи чӯбини фил ва туҳфаҳои директори Коллеҷи зардуштӣ дар Ҳиндустон доктор Меҳр Менбер Мусс – аз қабили нишон бо тасвири Зардушт ва 2 адад нақши Аҳурамаздо дар намоиши доимӣ гузошта шудаанд.

Айни ҳол ҷониби Муассиса китоби “Гулдӯзиҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-ро таҳия ва ба чоп омода намудааст, ки он бо дастгири Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон махсусан ҷаноби Сафир Вираҷ Сингх дар соли оянда рӯи чоп хоҳад омад.

Маврид ба зикр мебошад, ки баҳри такмили дониши кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи Ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) то ба имрӯз 5 нафар кормандони Муассиса дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ иштирок намудаанд.

Барои боз ҳам густариш додани робитаҳои ду кишвар дар соҳаи фарҳанг ҳоло лоиҳаи шартномаи ҳамкорӣ миёни Осорхонаи миллии  Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Деҳлӣ низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Умед дорем, ки ин шартнома ба имзо мерасад ва дар асоси он ҳамкориҳирои мо боз ҳам густариш ёфта, чорабиниҳои нав рӯи кор омада, ба ин восита мо дар муаррифии таъриху фарҳанги ҳарду миллат саҳми бештар гузошта, ҳамкориҳоро боз ҳам наздиктар хоҳем намуд.

Дар ин чорабинӣ 4 адад маркаҳои ҷашнии омоданамудаи ҷониби Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷониби сафири ин кишвар Вираҷ Сингх дар ҳузури доираи васеъи иштирокчиён рӯнамоӣ ва муаррифӣ гардид, ки дар онҳо мутаракоти таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудааст.

Дар чорабинии мазкур маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад расмҳои офаридаи кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо дӯстии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудааст.

Бояд зикр намуд, ки маҳз бо шарофати истиқлолият ин ду кишвар дар давоми даҳсолаҳои охир ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун ба монанди илму маориф, иқтисоду сиёсат, техникию ҳарбӣ махсусан фарҳанг тақвият додаанд, ки мисоли равшани он дар чорабинии мазкур ифода меёбад.