Конференсияи илмӣ-адабӣ ва намоиш бахшида ба 100-солагии …
Конференсияи илмӣ-адабӣ ва намоиш бахшида ба 100-солагии ходими сиёсию давлатӣ ва собиқадори меҳнат Низорамо Зарипова
Рӯзи 03.11.2023 Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии арбоби ҷамъиятиву давлатӣ Низорамо Зарипова таҳти унвони «Чароғафрӯзи маърифат ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-адабӣ ва намоиш баргузор намуд.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолзанон, аҳли хонаводаи Низорамо Зарипова ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар суханронии худ иброз дошт, ки Низорамо Зарипова умри наҷибу бобаракат, тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некуаҳволӣ ва саодатмандии мардуми тоҷик, хизмати содиқонаву пуршараф ба Ватан ва миллати бостонии хеш намудааст. Ҳар давраи ҳаёти ӯ бо таърих ва тақдири Тоҷикистон вобаста аст, зеро Низорамо Зарипова аз ҳеҷ мушкилӣ ва роҳи пуршебу фарози зиндагӣ наҳаросида, талху шаҳди сарнавиштро бо рӯзгори миллати худ пайванд додааст, ки ин дарси ибрат барои занони тоҷик мебошад. Имрӯз ин зан, ин модар, ин отифаи зебои зиндагӣ ифтихори миллат аст.
Дар конференсия дарҷ карда шуд, ки Низорамо Зарипова дар вазифаҳои пурифтихори давлативу ҷамъиятӣ сарбаландона адои вазифа намуда, бо меҳнати ҳалолу кордониаш соҳиби иззату эҳтироми мардуми мамлакат гардидааст.
Зимнан зикр шуд, ки Низорамо Зарипова дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланд пайваста оид ба мавқеи занон, саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм, тарбияи наслҳо, пешрафту кашфиёт ва корномаҳои мардуми Тоҷикистон қиссаҳо менамуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти пурифтихори Низорамо Зарипова дар вазифаҳои давлатӣ ҳарф зада, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 100-солагии соҳибҷашн қироат намуд.
Дар навбати худ дигар иштирокдорони ҳамоиш низ аз кору пайкор ва фаъолияти меҳнатии Низорамо Зарипова қиссаҳои ҷолиб намуданд.
Баъди суханрониҳо номаҳои шодбошии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби намояндагони онҳо ба муаллимаи азиз тақдим карда шуданд.
Арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова зимни суханронӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, иштирокдоронро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи конфронс бо истифода аз осори фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва дигар маводи ёрирасон оид ба ҳаёти ин зани посдори шарафу номуси миллати тоҷик намоиш ташкил ва пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.