“Кӯдакон – ғунчаҳои боғи Истиқлол”
“Кӯдакон – ғунчаҳои боғи Истиқлол”
Имрӯз 27.05.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Кӯдакон – ғунчаҳои боғи истиқлол” бо иштироки 60 нафар тарбиятгирандагони МТМУ “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор” -и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо тамоми кӯдаконону наврасони кишварро ба муносибати ин рӯзи фархунда, таҳният намуда, иброз доштанд, ки воқеан, кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҷонии фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
Дар ҷарёни чорабинии мазкур ба хотири хушҳол намудани кӯдакону наврасони кишвар ҳунармандону санъаткорони МД “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” ва маҳфили кӯдакон – prazdniki_animatori_tj бо барномаҳои ҷолибу рангини худ хотири дӯстрӯяконро шод намуда, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ маҳфилҳои фарҳангии “Чеӽранигор” ва нақшу нигори гулҳо дар дастон – “Ҳино” баргузор карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуда, дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба кӯдакону наврасон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дастархони идона ороста намуданд.