Иштироки Осорхонаи миллӣ дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Рӯзи 21 март дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар он фаъолона иштирок намуд.
Дар намоиш аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” 58 адад осор ба монанди мисгарӣ: офтоба, дастшӯя, самовар, чойникча; кандакорӣ дар рӯи чӯб: мизи кандакории ситорашакл, мизи ҳаштпоя, лавҳ; созҳои мусиқӣ: тор, дутор, рубоб, думбра, созҳои мусиқии чорқисмаву шашқисма; сӯзаниву куртаҳои чакан ва кундалҳо ба намоиш бароварда шуданд. Осори мазкур дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ буда, аз қадимият, арзишҳои фарҳангӣ ва суннату анъанаҳои неки тоҷикон дарак медиҳанд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр пас аз тамошои намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд марбут ба об дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 ва чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Сарони давлатҳо дар намоишгоҳ бо маҳсули дасти ҳунармандони хушзавқу хушсалиқаи тоҷик, аз ҷумла намоиши сару либоси миллӣ, ҳунари кандакорӣ дар чӯб, оҳангарӣ, нонҳои хуштамъ, санъати рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, расму мусаввараҳо аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар ва маҳсулоти аз сангҳои қиматбаҳои Ватан омодагардида, шинос шуданд.
Ҳамаи ашёҳои дар намоишгоҳ гузошташуда бозгӯйи фарҳангу тамаддуни ғанӣ буда, аз ҳунармандӣ, бунёдкорию ободгарӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад.
Намоиши мазкур ҳар як бинандаро, ки аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид буданд, бо фарҳангу тамаддуни ғанӣ, ҳунармандӣ, бунёдкорию ободгарӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик шинос намуд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, ки рӯзҳои 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мешавад, баъд аз Конфронси оби соли 1977, ки дар шаҳри Мар-дел-Платаи Аргентина баргузор гардида буд, бори аввал дар чунин сатҳи баланд баргузор мегардад.