Иштироки кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Фаронса
Рӯзи 14 октябри соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж доир гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баробари доираи васеъи намояндагони ҳарду ҷониб роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ дар кори он фаъолона иштирок намуданд.
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ки фарогири таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон як қатор экспонатҳо (38 адад) аз қабили намудҳои гуногуни сузанӣ (12), мизҳои кандакоришуда (4), созҳои мусиқӣ (дутор, рубоб, доира) (9), зарфҳои мисӣ (лаълӣ, кӯза, обгир) (7), либосҳои миллӣ (чакан) (6) ба намоиш гузошта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мизҳои кандакоришуда маҳсули дасти усто Баротбеков Юлдошбек буда, соли 1937 дар як намоиши дигар дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардидаанд.
Ашёи осорхонавии дар намоиши мазкур ба тамошо гузошта шуда, муаррифгари таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик буда, бинандаро бо фазои зисту зиндагонӣ ва анъанаҳои тоҷикон шинос менамояд.
Ҳамчунин дар ин барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони хушсадо суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод гардиданд.