“Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” таҳти …

“Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” таҳти чунин унвон Осорхонаи миллӣ дар ш. Хуҷанд намоиш ифтитоҳ намуд

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори эълон гаштани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо рӯзи 15.08.2023 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” намоиш ифтитоҳ намуд.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони муассисаҳои зертобеи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, инчунин роҳбарият ва кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки кӯҳҳои осмонбӯси Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо мебошанд. Пиряхњо дар навбати худ чун захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёҳо буда, яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини зебоямон ба ҳисоб мераванд.

Дар намоиш 19 адад асар аз офаридаҳои мусаввирони кишвар ба монанди Хушвахтов Х. “Манзара”, Хошмуҳаммадов М. “Дарёи Сурхоб”, Серебрянский Б. И. “Манзара. Такоб”, Довутов З. “Сарҳади Ватан”, “Абдураҳмонов И. “Баҳор”, “Шарипов С. “Ҳушёрӣ”, Шарипов Қ. “Оби мусаффо”, Файзов К. “Пиряхи Федченко” ва “Пиряхи Бивачний” ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсорон ва зебогиҳои нотакрори кишвар шинос менамоянд.

Масоҳати умумии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.

Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, 13000 пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, ҳазорҳо чашма ва обҳои маъданӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, рассомон дар асарҳои худ манзараҳои зебо, аз ҷумла пиряхҳо ва табиати диёри кӯҳистонро бо меҳри беандоза зиёд таҷассум намудаанд.

Намоиши “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то рӯзи 05.09.2023 идома меёбад.