Ифтитоҳи намоиши “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои таърихӣ” дар …

Ифтитоҳи намоишиТоҷикистонкишвари ёдгориҳои таърихӣдар Ҷумҳурии Арабии Миср

Имрӯз 10.12.2024 дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои таърихӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ва директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо роҷеъ ба муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар кори намоиш намояндагони корпусҳои дипломат, тоҷикони муқими Миср ва намояндагони Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок намуданд.

Дар намоиши мазкур зиёда аз 100 адад аксҳо аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2022, осори нодири таърихӣ аз Осорхонаи миллӣ, имрӯзи шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Пас аз суханронӣ аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон экскурсия баргузор карда шуд, ки ба ин васила меҳмонон бо таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар тавассути аксҳо аз наздик шинос гардиданд.