Ифтитоҳи расмии нахустнамоиши байналмилалии “Олами …
Ифтитоҳи расмии нахустнамоиши байналмилалии “Олами гулдӯзии тоҷикон” дар Осорхонаи миллии қолинҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон
Имрӯз 25.09.2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустнамоиши байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Олами гулдӯзии тоҷикон” ифтитоҳ гардид.
Дар кори намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, директори Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон Амина Меликова, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Баротзода Илҳом Абдураҳмон, вакил, раиси гурӯҳи байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзозода ва директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони расмии ҳарду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханрониҳои худ роҷеъ ба намоиши байналмилалии “Олами гулдӯзии тоҷикон” ва таъриху аҳамияти он дар масири муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст ва бародар суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳунари гулдӯзӣ яке аз қадимтарин ва зеботарин шаклҳои ҳунари ороишӣ-амалии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар он ғояҳои зебоипарастӣ, орзую афкор ва арзишҳои маънавии мардум таҷассум ёфтаанд.
Вобаста ба ин, ганҷинаи бойи осори чеварони чирадаст аз шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Панҷакент, Рашт, Бадахшон ва ғайра — бори нахуст берун аз марзи Тоҷикистон ба тамошобинон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон пешкаш ва муаррифӣ гардид.