Ифтитоҳи намоиши «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон»

Рӯзи 28.10.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба љашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе: Ҷумҳурии Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ҷопон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  инчунин доираи васеъи олимону муаррихон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ин намоиш иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии “Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки аз 9 кишвар: Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуд, ки ёдгории дайри буддоии “Аҷинатеппа” яке аз ёдгориҳои машҳури фарҳанги буддоӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буда, ҳафриёти он аҳамияти илмӣ дорад ва нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки ба боварӣ метавон гуфт, ки он пурра таҳқиқи худро ёфтааст.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи бутакҳо, ступа ва аксҳо аз маъмултарин ёдгориҳои меъмории буддоӣ ба маърази дид гузошта шудаанд.

Фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин махзани ҳифзи осори ниёгони миллати тоҷик дар кишвар буда, як ҷузъи онро бозёфтҳои марбут ба фарҳанги буддоӣ ташкил медиҳад.

Паҳншавии фарҳанги буддоӣ ба сарзамини мо ба давраи ҳукмронии “Кушониён” хусусан замони ҳукмронии шоҳ Канишка, ки дар асрҳои II мелодӣ ин империяи ориёиро идора менамуд, рост меояд. Дар қаламрави кишвари мо ёдгорињои зиёди фарҳанги буддоӣ аз қабили “Дайри буддоии Аҷинатеппа” дар н. Вахш, “Дайри буддоии Вранг” дар н. Ишкошим, “Хиштеппа” ва “Чепол”-и ноҳияи Ховалинг ва ғ.  боқӣ мондаанд, ки гувоҳ аз кишвари куҳанбунёд будани Тоҷикистон медиҳанд.

Зимнан дар қисмати барномаи фарҳангии намоиш, маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва сурудхонӣ намуданд.

Намоиши «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» то 1-уми декабри  соли 2021 идома ёфта, ҳаводорон ва дӯстдорони ин намоиш метавонанд аз наздик ба таври васеъ бо осори ин фарҳанг шинос шаванд.