Ифтитоҳи намоиши “Воқеънигор” дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиши “Воқеънигор” дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 18.02.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти яке аз асосгузорони мактаби рассомӣ дар Тоҷикистон Буртсев Еремей Григоревич намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Воқеънигор» баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти адабию ҳунарии расссом суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Буртсев Еремей Григоревич хатмкардаи Техникуми рассомии Тошкент буда, соли 1930 ба Тоҷикистон омадааст. Хизмати шоистаи Буртсев Е.Г. дар он зоҳир мегардад, ки солҳои 30-юми асри XX аввалин донишҷӯёни Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистонро тарбия намуда, ба мактаби санъати тасвирии тоҷик поягузорӣ намудааст. Мусаввир аз ҷумлаи он нафарони эҷодкор аст, ки дар нимаи дуюми солҳои 1930 дар аввалин намоишҳои рассомон офаридаҳои худро пешниҳоди тамошобинон намудааст. Мавзуи асосии асарҳои ӯ инъикоси ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, дар намоиш омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 24 адад офаридаҳои рассом Буртсев Еремей Григоревич ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки фарогири мавзуъҳои “Дар мактаби куҳна” (1934), “Дар колхози нав” (1935), “Дастгиркунии Иброҳимбек”, (1937), “Деҳаи қадим” (1937), “Дар замини бой” (1934), “Манзараи кӯҳӣ” (1942), “Сохтмони асосии канал” (1940), “Роҳ ба сӯи Варзоб” (1940), “Симои писарбача” (1940), “Идораи колхоз” ва дигар асарҳо мебошанд.
Намоиши “Воқеънигор” то 15-уми марти соли ҷорӣ идома меёбад.
Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!