Ифтитоҳи намоиши ҷумҳуриявии “Абуалӣ ибни Сино – …
Ифтитоҳи намоиши ҷумҳуриявии “Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 14.08.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-713 аз 02.01.2025 ҷиҳати баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 ва ба ифтихори 1045-солагии олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик, ҳаким Абуалӣ ибни Сино намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён Қаюм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Иштирокчиён роҷеъ ба саҳми бузурги мутафаккири барҷаста Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккулёбӣ ва рушди мероси илмию адабии халқи тоҷик ибрози андеша намуда, аҳамияти андеша ва нақши илҳомбахши Абуалӣ ибни Синоро барои наслҳои оянда таъкид намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 адад осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба монанди асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, ҳотамкорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Имрӯз дар ҷаҳон Абуалӣ ибни Сино аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Аз рӯйи таҳқиқи донишмандон миқдори асарҳои Сино ба 456 адад мерасад, ки онҳо дар мавзуъҳои фалсафа, тиб, ҳикмат, мантиқ, ахлоқ, забону адабиёт ва санъат эҷод шудаанд. Аз ҷумла, 23 асари ӯ бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ офарида шудааст.
Намоиши “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” то 01.09.2025 идома меёбад.