Ифтитоҳи намоиши “Шаҳри Душанбе – Аз дирӯз то имрӯз”

Ифтитоҳи намоиши “Шаҳри Душанбе – Аз дирӯз то имрӯз”

Рӯзи 25.09.2024 дар доираи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) намоиши муваққатии Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Шаҳри Душанбе – аз дирӯз то имрӯз» ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон ва дигар иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе иштирок намуда, бо осори нодири таърихию фарҳангие, ки инъикосгари таърихи дирӯз ва имрӯзи шаҳри Душанбе мебошанд, аз наздик шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 100 адад ашёи осорхонавӣ, аз қабили, бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”. Воқеан, шаҳри Душанбе, аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб меёфт. Ҳанӯз 5-6 ҳазорсол қабл аз ин, инсоният ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомати худ қарор дода буданд.
Дар намоиши мазкур нахуст ашёи таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносии ба тозагӣ кашф намудаи бостоншиносони Осорхонаи миллӣ ва сиккаҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар мавсими бостоншиносии соли 2023 аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе дар самти шимоли маҳаллаи Маърифатӣ мавзеи бостонии Тахти Шоҳӣ муайян ва кашф гардид. Аз ин мавзеъ теъдоди зиёди боқимондаҳои зарфҳои хоҷагидорӣ, деворҳои иншоот ва оташдонро кашф намуданд, ки он далели дар тули асрҳои биринҷ, ҳахоманишӣ ва кӯшонӣ мавзеи зисти доимии ниёгон мебошад.
Дар қисмати дигари намоиш мусаввараҳои дар даврони истиқлол офаридаи рассомони машҳури ҷумҳурӣ ва ҷоизадорони озмунҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод шудаанд, ки дар эҷодиёташон зебоӣ ва давраҳои рушди шаҳри Душанберо инъикос намудаанд.
Солҳои охир дар шаҳри Душанбе сохтмони манзил, мењмонхонањо ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо маром идома дорад. Лоиҳаҳои ангоравии иморатсозӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қисмати дигари намоиши мазкурро ташкил медиҳанд, ки тавассути ашёи осорхонавӣ инъикос ёфтаанд.