Ифтитоҳи намоиши “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар”
Рӯзи 21.10.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” намоиш ва конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёни ихтисосҳои бостоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти бостоншиносӣ баъд аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани бинои нави он шурӯъ гардидааст. Зеро, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи миллӣ шароити зарурӣ муҳаё гардида, инчунин шуъбаи алоҳидае бо номи “Шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳоло дар ин шуъба мутахассисони кордону соҳибкасб аз қабили 4 доктори илм ва 6 номзади илм барои муайян ва мусоидат намудан ба корҳои бостоншиносон кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин муддат, кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ёдгориҳои “Сайёд”-и н. А. Ҷомӣ, “Чимқурғон”-и н. Шаҳринав, “Ғаравқалъа”-и н. Ёвон ва “Ҳалқаҷар”-и н. Хуросон корҳои бостоншиносӣ баргузор намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Маҳз натиҷаи корҳои бостоншиносӣ мебошад, ки насли имрӯз бо осори ниёгон дастрасӣ пайдо намуда, бо паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва рӯзгори онҳо шинос мегардад.
Дар намоиш дук, зарфҳои сафолӣ, шамъдон, муҳра, ашёҳои фулузӣ (пайкон, мех, зангула), хурмача, бутакчаҳои гилин, борсангҳо, дастпона, ангуштарин ва сиккаҳо дар умум беш аз 500 адад бозёфтҳои бостоншиносони Муассиса ба тамошо гузошта шудааст.
Осори дар ин намоиш ба маърази дид гузошташуда баёнгари инкишофи муносиботи пулӣ, тиҷоратӣ, ҳунармандӣ, дину мазҳаб, фарҳанг ва дигар паҳлуҳои зиндагии мардуми ин сарзамин мебошанд.
Дар конференсияи илмӣ аз ҷониби бостоншиносон ва осорхонашиносон оид ба фаъолияти бостоншиносии ОМТ маърӯзаҳои илмӣ ироа гардида, паҳлуҳои гуногуни он мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конференсия зикр гардид, ки нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар кашф, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ хеле муҳим ва назаррас буда, фаъолияти бостоншиносии он то ба имрӯз мустақиман ва ба таври густурда идома дорад.
Ҳамзамон баён гардид, ки дар солҳои минбаъда донишҷӯёни ихтисоси бостоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба корҳои археологӣ ҷалб карда шаванд.
Намоиши “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” аз 21.10.2021 то 21.11.2021 идома меёбад. Ҳаводорон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг метавонанд аз онҳо дидан намоянд.