Ифтитоҳи намоиши “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар”
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 07.07.2023 дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар” намоиш ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Александровна Преподобная, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ду кишвар, намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, баён гардид, ки баргузории рӯзҳои фарҳанг имкон медиҳад, то пеш аз ҳама соҳаҳои мухталифи ин соҳа рушд намояд ва дар заминаи ҳамкориҳои нави байналмилалӣ ба комёбиҳои ҷадид ноил гарданд.
Инчунин дар доираи рӯзҳои фарҳанг ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф шароит фароҳам меоранд, то мардумони ду кишвар аз таъриху фарҳанг, тарзи зисту зиндагонӣ ва дастовардҳои замони муосири ҳамдигар огоҳ гарданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи давлатӣ ва марказии кинои Федератсияи Россия наздики 50 адад аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи “Тоҷикфилм” ба тамошо бароварда шудаанд.
Зимнан киностудияи “Тоҷикфилм” дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо офаридани филмҳои таърихӣ аз ҳаёти мардуми халқи тоҷик ба монанди “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”, “Зумрад”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Сиёвуш”, “Достони Рустам” ва амсоли инҳо мақоми намоёнро сазовор гашта буд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров ва Тоҳир Собиров аз зумраи режиссёрҳои машҳуре мебошанд, ки сазовори эътирофи байналхалқӣ гардидаанд.
Аксҳои дар намоиш гузошташуда, фарогири солҳои 30-80-уми асри XX буда, инъикосгари як бахши муҳими соҳаи фарҳанги кишвар мебошад. Кинои тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ, симои халқро инъикос намуда, фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихиро ба наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштааст.
Намоиши “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар” то рӯзи 21.07.2023 идома менамояд.