Ифтитоҳи намоиши сайёри “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Кӯлоб

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 01.08.2022 дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700–солагии Кӯлоб шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи 2700 – солагии Кӯлоб, Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хона-музейи Саидалӣ Вализода ва ВАО иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ин намоиш дар баланд бардоштани ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ нақши муассир дорад.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.

Зимнан, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса рӯзи 25.02.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид, ки он то рӯзи 25.08.2022 идома меёбад.

Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700–солагии Кӯлоб то рӯзи 5 август идома намуда, тибқи нақша кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос мегарданд.