Ифтитоҳи намоиши сайёри Осорхонаи миллӣ оид ба пиряхҳо …

Ифтитоҳи намоиши сайёри Осорхонаи миллӣ оид ба пиряхҳодар осорхонаи марказии вилояти Хатлон

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо рӯзи 11.10.2023 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” намоиш ифтитоҳ намуд.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, роҳбарияту кормандони Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто», Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин намудани аҳолӣ, онҳо нақши муҳим доранд. Дар робита ба ин, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, иқдоми саривақтӣ мебошад, ки аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфтааст.
Маврид ба зикр мебошад, ки кӯҳҳои осмонбӯси Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо мебошанд. Пиряхњо дар навбати худ чун захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёҳо буда, яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини зебоямон ба ҳисоб мераванд.
Зимнан дар намоиш 19 адад асар аз офаридаҳои мусаввирони кишвар ба монанди Хушвахтов Х. “Манзара”, Хошмуҳаммадов М. “Дарёи Сурхоб”, Серебрянский Б. И. “Манзара. Такоб”, Довутов З. “Сарҳади Ватан”, “Абдураҳмонов И. “Баҳор”, “Шарипов С. “Ҳушёрӣ”, Шарипов Қ. “Оби мусаффо”, Файзов К. “Пиряхи Федченко” ва “Пиряхи Бивачний” ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсорон ва зебогиҳои нотакрори кишвар шинос менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13000 пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 %-и ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.
Намоиши “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» то рӯзи 27.10.2023 идома менамояд.