Ифтитоҳи намоиши “Пиряхҳо – ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон”
Рӯзи 01.04.2022 Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)” таҳти унвони “Пиряхҳо – ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон” намоиш ифтитоҳ намуд.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр карданд, ки Тоҷикистон – кишвари обӣ буда, пиряхҳо яке аз манбаҳои асосии онҳо маҳсуб меёбанд. Зимнан қайд намуданд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, мушаххас сохтани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баёнгари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу омӯзиши пиряхҳо – ҳамчун манбаи асосии обҳои мусаффо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 15 адад беҳтарин мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик аз қабили офаридаҳои Хушвахтов Х. “НБО-и Норак”, “Манзараҳои Помир”, Ҳабибуллоев З. “Кӯли кабуд”, Шарипов Қурбоналӣ “Манзараи об”, Шарипов Қ. “Оби мусаффо”, Салманов Ф.А. “Баҳри Норак” ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” зиёда аз 20 адад китобҳо марбут ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва захираҳои обии кишвар, инчунин 30 адад сару либос ва асбобу дастгоҳҳои махсус, ки дар раванди баргузории экспедитсияҳо доир ба омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби мутахассисон истифода мегарданд, дар намоиш гузошта шудаанд. Яке аз дигар экспонатҳои ҷолиби тамошои намоиш – ин Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бори нахуст 6 январи соли 2009 дар қитъаи 6-уми олам Антарктида расман барафрохта шуда буд.
Намоиши “Пиряхҳо – ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон” то 20.04.2022 идома меёбад.