Ифтитоҳи намоиши “Пайкара ва нимпайкараҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ”
Рўзи 05.07.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намоиши ҷадид зери унвони “Пайкара ва нимпайкараҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикоси ҳунари пайкара ва нимпайкарасозӣ мебошад, ки ба воситаи он ҳодисаҳои таърихӣ, кору пайкор, чеҳраҳои шинохта, орзую омол ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Дар намоиш зиёда аз 60 адад пайкара ва нимпайкараҳои офаридањои Ҳакимов Н., Ахунов О. А., Закиров К.Ю., Одинаев В., Ғаниев А., Мухина В. И., Татаринова Е.А., Чередниченко Г.Г., Иванов И. Г., Жумагазин К., Иванова З.М. ва дигарон ба тамошо бароварда шудаанд.
Пайкара ва нимпайкараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, фарогири мавзӯҳои гуногун аз қабили муҳофизати ватан, дӯстӣ, ҷавонӣ, донишҷӯӣ ва илмомӯзӣ буда, асарҳои “Тирандоз”, “Муйсафеди дуторнавоз”, “Модарӣ”, “Пахтачинзан”, “Духтари рубобнавоз”, “Суруди тантанавӣ”, “Орзуҳо”, “Субҳ”, “Шитоби шамол”, “Саҳифаҳои гузашта”, “Чӯпон” ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Муаллифон асарҳои хешро бо истифода аз гаҷ, саффол, чӯб, чӯян, санги хоро (гранит), навъҳои гуногуни гил ва дигар навъҳои сангу филиз офаридаанд.
Имрӯз дар фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” зиёда аз 400 адад пайкара ва нимпайкараҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгони тоҷикон қисса мекунанд.
Намоиши “Пайкара ва нимпайкараҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ” то рўзи 25 июли соли 2022 идома меёбад.