Ифтитоҳи намоиши Осорхонаи миллӣ дар доираи форуми IV …

Ифтитоҳи намоиши Осорхонаи миллӣ дар доираи форуми IV байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ” Форуми IV байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар доираи Форуми мазкур намоиши муваққатии Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Инъикоси маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе дар эҷодиёти аккосон» ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аксҳои пешниҳодшуда, зебоӣ ва давраҳои рушди шаҳри Душанберо инъикос намудаанд.
Аз намоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, меҳмонони хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дидан намуданд.

Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушди тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.