Ифтитоҳи намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди …
Ифтитоҳи Намоиши «намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ»
Имрӯз 19.07.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори шомил шудани “Анъанаи бофтани Атласу адрас” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ва бо мақсади арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати либоси тоҷикӣ, ки муаррифгари фарҳанги миллӣ аст, намоиши осорхонавӣ таҳти унвони «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова роҷеъ ба мақому манзалати либоси миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори намоиш занону бонувони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимнан, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон баъд аз анҷоми суханронии худ нусхаи Сертификате, ки ворид шудани “Анъанаи бофтани Атласу адрас”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба роҳбарияти Осорхонаи миллӣ тақдим намуд.
Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои гуногуни атласу адраси тоҷикӣ, куртаву ҷомаҳои миллии занона бо тарҳу дӯхти зебо ва аксу мусаввараҳое, ки таҷассумгари либоси миллии зан-модари тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамзамон, дар маркази намоишоҳ ҷолибтарин осори таърихӣ – дастгоҳи бофандагие, ки ҳунармандон тавассути он тору будро бо ҳам оварда, атласу адрас мебофтанд, пешниҳоди тамошобин гардонида шуд. Намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» то таърихи 01.08.2024 идома меёбад.