Ифтитоҳи намоиши “Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиш ва тармиму таҳкими осори ниёгон”
Рӯзи 1 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоляити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиш ва тармиму таҳкими осори ниёгон” намоиш ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ба номи М. Турсунзода, Осорхонаи мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар мутахассисони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханрнии худ зикр намуд, ки “тармим ва таҳкими ашёи таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти осорхонавӣ буда, маҳз меҳнати шабонарӯзии мутахассисони ин самти фаъолияти осорхона аст, ки дар соли ҷорӣ шумораи намоишу чорабиниҳои Осорхонаи миллӣ се маротиба зиёд гардиданд”.
Дар намоиш асарҳои рассомони машҳур, созҳои мусиқӣ, хумҳо, зарфҳои сафолӣ, ороишоти заргарӣ, китобҳои дастнавис, зарфҳои чӯбин ва дигар осоре, ки дар давоми 30 соли истиқлолияти кишвар аз ҷониби кормандони Муассиса тармиму консерватсия ва ба онҳо умри дубора бахшида шудаанд, ба тамошо гузошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳунари тармимгарӣ нисбат ба солҳои пеш бештар рушду равнақ ёфт. Зеро бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомлӣ Раҳмон Осорхонаи миллӣ бо беҳтарин дастгоҳҳои тармимгарии замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, инчунин шуъбаи алоҳидае бо номи “Шуъбаи тармим ва консерватсия” ба фаъолият шурӯъ намуд. Ва дар ин шуъба ба тармиму таҳкими ёдгориҳои таърихӣ ҷавонони кордону соҳибзавқ ҷалб гардидаанд.
Дар ин росто, нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар барқарорсозӣ, ҳифз ва тармиму таҳкими мероси таърихию фарҳангӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Кормандони шуъбаи тармим ва консерватсияи осорхона дар солҳои аввали фаъолияти худ, яъне аз соли 2013 то соли 2016 аслан дар се самт – осори сафолӣ, фулузӣ, санъати тасвирӣ ва амалӣ корҳои тармимӣ ва таҳкимиро ба сомон мерасониданд.
Баъдан, бо ташаббуси роҳбарияти Муассиса ва ҷалби мутахассисон ҳоло дар маҷмӯъ кормандони шуъба аз рӯйи шаш самт: осори сафолӣ, фулузӣ, санъати тасвирӣ ва амалӣ, коғазӣ, чӯбӣ ва матоъ корҳои тармимгариро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода истодаанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани намоиши мазкур – ин тармим ва консерватсия намудани намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила таъмини ҳифзи онҳо дар фонди осорхонаҳои кишвар мебошад. Зеро ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ яке вазифаҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо маҳсуб меёбад.