Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” …
Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” дар шаҳри Кӯлоб
12.11.2024 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои банди 37-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб Зарипов Қадамшо иштирок ва суханронӣ намуданд.иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар суханрониҳои хеш роҷеъ ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккулёбии ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоби вилояти Хатлон, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Пас аз тамошои намоиши мазкур ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сафароз гардонида шуданд.