Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” …
Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” дар шаҳри Хуҷанд
10.10.2024 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои банди 37-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Қурбонзода Суҳайлӣ ва Омири кулли Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд Иброҳимов Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар суханрониҳои хеш роҷеъ ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккулёбии ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Истиқлол, Ашт, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғаффоров, Деваштич, Мастчоҳ ва Хуҷанди вилояти Суғд, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки зиёда аз 25 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташуда аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё худ зинда иҷро гардиданд, ки ин омил диққати бештари меҳмонону тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Баъд аз ифтитоҳи расмии намоиш ҳайати меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллии ниёгон аз наздик шинос шуданд.
Пас аз тамошои намоиши мазкур ҳунармандони соҳибзавқи вилояти Суғд ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.