Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” …
Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” дар шаҳри Бохтар
24.10.2024 дар Муассисаи давлатии “Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои банди 37-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирхон Юсупов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар суханрониҳои хеш роҷеъ ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккулёбии ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Хуросон, Ҷалодиддини Балхӣ, Кушониён, Вахш, Ёвон, Шаҳритус, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Пас аз тамошои намоиши мазкур ҳунармандони соҳибзавқи вилояти Суғд ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.