Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик”…
Ифтитоҳи намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” дар Осорхонаи миллӣ
17.09.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 37-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азизода, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Фаронса, Фаластин, Покистон, Белорусия, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе ба монанди, мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Бояд гуфт, ки зиёда аз 15 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташуда, ба монанди атласу адрасбофӣ, гаҳворасозӣ, муҳракашӣ, попурзанӣ, қуроқдузӣ, шерозабофӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ ва ғайра аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё худ зинда иҷро гардиданд, ки диққати бештари меҳмонону тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Дар охир ба ҳамаи ҳунармандон ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъол дар намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардонида шуданд.