Ифтитоҳи намоиши “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи …
Ифтитоҳи намоиши “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 20.05.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Озарбойҷон таҳти унвони “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ гардид.
Дар кори намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровродар , директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон Ширин Меликова, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони фарҳангу санъати Озарбойҷон ва Тоҷикистон, кормандони Осорхонаи миллӣ, донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Дар қисмати ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон Ширин Меликова суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки намоиши имрӯза дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар намоиш намунаҳои нодири ҳунару санъати Озарбойҷон, аз ҷумла “Мирзо Қодими Эривонӣ: дар буриши услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, ҳунарҳои мардумии суннатии Озарбойҷон, намоиши аксҳо таҳти унвони “Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ” ва намоиши мӯд ба марази тамошо гузошта шуд.