Ифтитоҳи намоиши “Марҳабо ба 20-солагии СҲШ” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши “Марҳабо ба 20-солагии СҲШ” ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ифтитоҳ зикр намуд, ки “халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро як қатор омилҳои объективӣ ба монанди анъанаҳо, шабоҳати забонҳо ва фарҳангҳо, наздикии этномаданӣ, ҳамбастагии муштараки таърихӣ, анъанаҳои халқҳои мо дар Роҳи Бузурги Абрешим, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ муттаҳид намуда, онҳо ба рушди бомуваффақияти муносибатҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд”.
Дар ин намоиши байналмилалӣ зиёда аз 200 адад расмҳои маҳсули дасти кӯдакони 8 кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай ба тамошо гузошта шудааст.
Дар расмҳои кӯдакон дӯстию муҳаббат, сулҳу субот ва осмони софу беғубор дар ҳавзаи ин созмонро тасвир намудаанд, ки онҳо ҳар як бинандаро ба ҷаҳони рангин, тахаюлоти бой ва орзуҳои кӯдакони ин кишварҳо ворид менамояд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ миёни кӯдакон ва ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба наздику мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ гардида, барои боз ҳам беҳтару хубтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.
Намоиши “Марҳабо ба 20-солагии СҲШ”, ки фарогири асарҳои кӯдакони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад то 15 сентябри соли 2021 идома меёбад.
Дӯстдорону ҳаводорони ҳунари рассомӣ хусусан наврасону кӯдакон ва таълимгирандагони бахши рассомии муассисаҳои таълимии кишвар метавонанд расмҳои кӯдакони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Россия, Хитой, Покистон ва Ҳиндустонро аз наздик тамошо намоянд.
Марҳабо ба намоиши расмҳои кӯдакони кишварҳои СҲШ.