Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси сохтмони нерӯгоҳҳои ҷумҳурӣ дар асарҳои рассомони Тоҷикистон”
Дар кори намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки “дар баробари инъикоси таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик, дар Осорхонаи миллӣ ҳамзамон дастовардҳои даврони муосир аз ҷумла соҳаи энергетикаи кишвар ба таври доимӣ муаррифӣ шуда, тамошобинонро бо комёбиҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои муҳими стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шинос менамояд. Илова бар ин, имрӯз мо тасмим гирифтем, ки аз ҳисоби ашёи фонди муассиса намоиши хосае ифтитоҳ намоем. Дар намоиши мазкур заҳмати сохтмончиён ва ташаббускорони сохтмони нерӯгоҳҳои кишвар аз ибтидо то замони муосир инъикос шудаанд”.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 32 адад беҳтарин мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик аз қабили офаридаҳои Хушвахтов Х. “Нерӯгоҳи барқии обии Норак”, Ҳабибуллоев З “ Норак”, Хошмуҳаммадов М. “Сохтмони нерӯгоҳи Қайроққум”, Расулов Ҷалил “Оғози сохтмони Роғун”, Волинский И. “Норак сохта мешавад”, Салманов Ф. “Баҳри Норак” ва Серебрянский Б. “Нерӯгоҳи барқии обии Варзоб” ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон асари рассоми маъруфи тоҷик Наҷмиддинов Карим бо номи “Симои Турсун Улҷабоев”, ки яке аз бунёдгузорони нерӯгоҳи Барқии обии Норак мебошад, ба намоиш бароварда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳҳо дар кишвар аз солҳои 20-уми асри XX оғоз гардида, аввалин нерӯгоҳи барқии дизелӣ соли 1926 дар ш. Душанбе ва баъдан шурӯъ аз солҳои 1930 силсиласохтмонҳои НБО-и Варзоб бунёд гардида, дар солҳои баъдӣ дигар нерӯгоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар якчанд нерӯгоҳҳои пуриқтидор аз қабили «Помир-1» (2005), «Сангтӯда-1» (2009), «Сангтӯда-2» (2014) ба истифода дода шуда, сохтмони НБО-и «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург идома дорад.
Дар умум, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва 75 фоизи инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон азнавсозӣ гардиданд, ки ин албатта дастоварди бузург дар ин ҷода мебошад.
Намоиши “Инъикоси сохтмони нерӯгоҳҳои ҷумҳурӣ дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” то 20.01.2022 идома меёбад.