Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони …
Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дар ноҳияи Данғара
Рӯзи 20.08.2024 дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии шоистаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 ва соли 2025 эълон гардидани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” намоиши сайёри осорхонавӣ таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро Ҳаким иштирок намуда, доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шудаанд, ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасорон, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» то санаи 27.08.2024 дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» идома меёбад.
Дар ин муддат кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.