Ифтитоҳи намоиши “Мероси хаттии тоҷикон” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи намоиши “Мероси хаттии тоҷикон” дар шаҳри Хуҷанд
Имрӯз 03.09.2024 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб” намоиши муштараки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони “Мероси хаттии тоҷикон” баргузор гардид.
Дар қисми ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхони миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Омири кулли Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд Иброҳимов Иброҳим ва намояндаи раёсати фарҳанги вилоят, роҷеъ ба аҳамияти мероси хаттии тоҷикон ва ҳифзу муаррифии шоистаи онҳо суханронӣ намуданд. Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ намоиши мазкур ифтитоҳ гардида, аз ҷониби масъулини Осорхонаи миллӣ ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.
Дар намоиши аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 адад нусхаҳои нодири дастнавис ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, инчунин намунаҳои мухталифи ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки вижагиҳои асосии осори ба намоиш гузошташуда пеш аз ҳама дар он аст, ки котибони нусхаҳои дастнавис аз минтақаҳои гуногуни ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ба монанди Ҳисор, Нуробод, Файзобод, Қаротегин (Рашти имрӯза), Дарвоз, Яғноб, Хуҷанд, Исфара ва Қурғонтеппа мебошанд. Албатта, ин далели равшан ва раднопазири рушд ва ташаккулёбии ҳунари китобдориву китобнависии тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, осори мазкур аҳаммияти баланди илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ доранд.
Намоиши “Мероси хаттии тоҷикон” дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” то 20.09.2024 идома меёбад.