Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни …

Ифтитоҳи намоиши “Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Осорхонаи миллӣ”

Имрӯз 27.01.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи  миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон – Ватани азизи ман дар Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр, мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” Бобораҷабзода Мастона суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар кори намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, донишҷуёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар намоиши мазкур 37 адад асарҳое, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли 2025 аз номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор гардид.

Соли 2025 озмун аз рӯйи панҷ номинатсия оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гардид. Дар номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат намуданд.

Намоиши “Инъикоси дастовардҳои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон – Ватани азизи ман дар Осорхонаи миллӣ” то санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ идома меёбад.