Ифтитоҳи намоиши “Ҷавонон бар зидди терроризм” дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиши “Ҷавонон бар зидди терроризм” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 04.02.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон зидди терроризм» ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Юсуф ва сардори департаменти кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Аҳмад Исмат Сайф Алдавла Аббос суханронӣ намуданд.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон, намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёну хонандагон аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим, намояндагони ВАО ва дигарон ширкат варзиданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки, терроризм ва экстремизм имрӯз ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба амнияти давлатҳо, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамояд. Дар ин замина, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, боло бурдани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, аз нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ ёдовар гардиданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкиливу ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, як қатор қонунҳо ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намудааст.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши асарҳои рассомони ҷавон дидан карданд. Асарҳо бо забони санъат хатари терроризму экстремизм, паёмадҳои фоҷеабори он ва аҳамияти сулҳу ваҳдати миллиро инъикос менамуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муаллифони асарҳо — мусаввирони ҷавон барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои сулҳ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ бо туҳфаҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маврид ба зикр мебошад, ки ҷавонон ҳамчун қишри асосии ҷомеа ва ояндаи миллат бояд бо ҳисси баланди масъулият, зиракии сиёсӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар ҳифзи амнияти кишвар ва муқовимат бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб саҳми фаъол гузоранд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҷавонон неруи созанда ва омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Намоиш то рӯзи 14.02.2026 дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад.
















