Ифтитоҳи намоиши ҷашнии “Ваҳдатнигор”

Ифтитоҳи намоиши ҷашнии “Ваҳдатнигор”

Рӯзи 25.06.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо наздикону пайвандони филмбардор, аксбардори маъруф ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Рустамович Дахте, бахшида ба 28 – солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” намоиш таҳти унвони “Ваҳдатнигор” ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, Абдуллозода Иброҳим – муовини Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ҳамсари шодравон Заур Дахте Валийе Дахте суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти Тоҷикистони азиз ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон буда, офаридаҳои Заур Дахте баёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар намоиш намояндагон аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳруии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, меҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Сафоратхонаҳои муқими Душанбе, донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, ҳунармандону аксбардорони шинохтаи кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар намоиш 200 – адад аксҳои гирифтаи шодравон Заур Рустамович Дахте, ки инъикоскунандаи фарҳангу ҳунар, зебоиҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва дастовардҳои ваҳдатофарии мардуми тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Заур Дахте (1936–2024) — яке аз аксбардорон, наворбардорони барҷастаи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, ҳамзамон лауреати як қатор кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ дар таҳия ва наворбардории беш аз 600 филми мустанад ширкат варзида, филмҳояш ба ҳаёт ва мероси адабии шоирони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудаанд. Ин филмҳо ба хазинаи тиллоии синамои миллӣ дохил шудаанд.

Намоиши «Ваҳдатнигор» дар Осорхонаи миллӣ то санаи 08.07.2025 идома меёбад.