Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Инъикоси осори …

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ»

Рӯзи 12.07.2023 дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО намоиши ҷашнӣ дар мавзуи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид.

Дар кори он Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Азиззода Шуҳрат – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдураҳмон Муҳаммад – ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳматкарими Давлат – директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдуллоҳи Раҳнамо – директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Зулфия Бурҳон – Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва дигар ниҳодҳои марбута низ иштирок намуданд.

Дар суханрониҳо зикр шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун офарандаи беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми эшон ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Зимнан Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон баъд аз анҷоми суханронии худ “Сертификат”-и асле, ки ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо супорид.

Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии Маснавии Маънавӣ, Луби лубоб (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Ҳамчунин баҳри иштирокчиёни намоиш аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳначае пешниҳод гардид, ки аз рӯзгор ва ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қисса мекунад.

Намоиши ҷашнӣ дар мавзуи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» то 01.08.2023 идома меёбад.

Марҳабо ба тамошои намоиши ҷашнӣ!