Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ
 
  Имрӯз 01.10.2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ намоиши ҷашнии муштараки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуда, аз намоишгоҳ боздид намуданд.
Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 8 адад намунаҳои гуногуни китобҳои нодири дастнавис, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, оини сарварӣ, давлатсолорӣ ва сиёсатмадорӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамзамон, нусхаи “Сертификат”-ҳои аслие, ки ворид шудани унсурҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримодии халқи тоҷик – Шашмақом, Саразм, Наврӯз, Оши палав, Чакан, Фалак, Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, Латифаҳои Хоҷа Насриддин, Атлас ва Адрасбофӣ, Куллиёти Мавлоно ва Санъати тазҳибро ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.