Боздиди сокинону фаъолони пойтахт ва кормандони касбу кори …

Боздиди сокинону фаъолони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун аз толори “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо”-и Осорхонаи миллӣ

Аз 11 то 14 марти соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷиҳати ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» боздиди сокинону фаъолони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун аз толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз, вобаста ба рушди сайёҳии дохилӣ бо ҷалби роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги пойтахт боздид аз толори зикргардида баргузор гардид.
Дар доираи боздид аз ҷониби роҳбаладон ба иштирокчиёни чорабинӣ муҳтавои асосии ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо пешниҳод карда шуд.
Ба иштирокдорон маълумот дода шуд, ки дар қисмати рост ва чапи девори толор бузургтарин пиряхи ҷаҳон Ванҷях инъикос ёфтааст, ки дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи улум дар Помир ҷой гирифтааст. Ин пирях аз пайвастани қаторкӯҳи Академияи Улум бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеъи қуллаи Инқилоб (6974 м.) ташкил шудааст. Пиряхи Ванҷях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи даракӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст.
Ҳамчунин як қисми толор, ки ба Антарктида бахшида шудааст, таҷассумгари он мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009 аввалин экспедитсияи антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он профессор Абдулҳамид Қаюмов парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Антарктида барафрохт. Ин амал собитгари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.