Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 815 – солагии Мавлоно …

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 815 – солагии мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Шаҳри Париж

Рӯзи 05.06.2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои фарҳанг ҷаноби Эрнесто Оттоне Рамирес роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар намоиш осори илмию адабии Мавлоно, бахусус аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии машҳуртарин асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ», ки онҳо аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд. Инчунин дар намоиш асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд ва китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.

Аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиш сӯзаниҳо, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифгарии фарҳанги тоҷикон мебошанд, инчунин либосҳои миллии тоҷикӣ, ки дастранҷи тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов ҳастанд, ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон дар намоиш аксҳо аз маросими ифтитоҳи мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Осори илмӣ –адабӣ ва фарҳангию ҳунарие, ки дар намоиши ҷашнӣ ба ифтихори гиромидошти Мавлоно дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба тамошо гузошта мешаванд, аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ дошта, инъикосгари ҳаёт, рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Мавлоно ва дар маҷмуъ фарҳангу тамаддуни тоҷикон мебошанд.

Ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Мавлоно дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.