Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
 
       Имрӯз 06.05.2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон палковник Ҳотамиён Абдурашид, Сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим Юсуф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ифтитоҳи намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар иштирок намуданд.
Иштирокчиён доир ба саҳми халқи тоҷик дар мубориза бар зидди фашизм суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҶШС Тоҷикистон ҳазорҳо аризаҳои ихтиёриён ҷиҳати бо хоҳиши худ, тариқи фаврӣ ба сафи Артиш фиристодан ирсол шудаанд. Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шурӯъ аз аввалин моҳҳои ҷанг то Ғалаба зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони ҶШС Тоҷикистон ба муҳорибаҳо сафарбар шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштаанд.
Воқеан, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба хонаи дуюми сокинони аз минтақаҳои ҷангӣ ба ин кишвар кучонидашуда табдил ёфта буд. Ҳамзамон аз минтақаҳои ҷангӣ даҳҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ, киностудияҳо ба Тоҷикистон кучонида шуда, гуруҳи кормандони илмӣ, театрӣ омада ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар намоиш экспонатҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ, ба монанди аризањои ихтиёрини ҶБВ, ҳуҷҷатҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳо, либосҳои ҷангӣ, мусаввараҳо, нимпайкараҳо ва аксҳо пешниҳод шуданд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.
Ҳамзамон, ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Осорхонаи миллӣ китоби ҷашнӣ таҳти унвони «Нақши Осорхонаи миллӣ дар муаррифии корномаи фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» нашр гардида, рунамои гардид. Китоби мазкур маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-маърифатии кормандони Осорхонаи миллиро фаро гирифта, дар асоси экспонатҳои осорхона навишта шуда, саҳифаҳои фоҷиабор ва ҳамзамон пур аз корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳро инъикос мекунанд. Китоби мазкур ба иштирокчиёни чорабинӣ тақдим гардид.
Дар фарҷом ба ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъру сурудҳои Ватандӯстонаи ифодагари набардҳо аз ҷониби ҳунармандони Ансамбли ҳунарии Гвардияи миллӣ, гурӯҳи хонандагони муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва иттиҳодияи эҷодии “Арт-креатив” -и кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 15 майи соли 2025 дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад