Ифтитоҳи намоиши асарҳои рассом Носирбек Нарзибеков …
Ифтитоҳи намоиши асарҳои рассом Носирбек Нарзибеков дар Осорхонаи миллӣ
Рўзи 07.11.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Ифтихор” намоиши мусаввараҳои рассоми маъруфи Тоҷикистон Носирбек Нарзибеков ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба н. М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Бунёди Садриддини Айнӣ, Фонди мусаввирон, сафоратхонаҳои Россия, Покистон, Туркманистон дар Тоҷикистон, рассомону санъатшиносон ва дигар ҳаводорони ин навъи ҳунар иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо қайд намуд, ки мусаввараҳои рассом дорои фалсафаи амиқ буда, дар онҳо ба воситаи рангҳо шахсияту ҳодисаҳои таърихӣ, унсуру анъанаҳои миллӣ, оиладорӣ, ишқ, муҳаббат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти инсонӣ тасвир гардидаанд.
Дар намоиш зиёда аз 25 адад офаридаҳои рассом Носирбек Нарзибеков бо номҳои “Рақс”, “Одам-ид”, “Суруд”, “Дар боғи биҳишт”, “Илҳом”, “Ҳамсафари вақт”, “Пианинонавоз”, “Оламро ба ту нишон медиҳам”, “Деҳаи фаромӯшгашта”, “Суруди даҳмарда”, “Қурутоб”, “Киштича”, “Оила”, “Суҳбат бо Хайём”, “Тӯйи суғдӣ”, “Дар зодгоҳам”, “Суруди афсонавӣ”, “Рустам”, “Искандар”, “Вохӯрӣ” ва амсоли инҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Корҳои аквалерӣ (обӣ) ва асарҳои марбут ба жанри абстраксияи Носирбек Нарзибеков, ки дар намоиш пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд, инъикосгари санъати баланд ва тахаюлоти рангини мусаввир мебошанд.
Носирбек Нарзибеков шуъбаи омӯзгории Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ва шуъбаи витражи Донишкадаи давлатии рассомии Вилнюси Ҷумҳурии Литваро хатм кардааст. Ӯ иштирокчии намоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, соли 2005 дар озмуни сохтани нишони Фестивали санъати ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, ки дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, ғолиб омадааст. Инчунин дар соли 2018 ғолиби Ҷоизаи “ТОП-50” гардидааст.
Фаъолияти омӯзгории Носирбек Нарзибеков дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов назаррас буда, оид ба ин бахши муҳими санъат ба шогирдон дарс медиҳад.
Ҳадаф аз баргузор намудани намоиш – ин пеш аз ҳама инъикос намудани мавҷудияти шароити созгор барои муаррифии офаридаҳои ҳунармандон, ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба ҳунари рассомӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ошно намудани тамошобинон бо жанрҳои мухталифи санъати тасвирӣ мебошад.
Мухлисони эҷодиёти Носирбек Нарзибеков метавонанд, то рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” аз асарҳои ин рассоми машҳури кишвар дидан намоянд.