Ифтитоҳи намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” дар Осорхонаи миллӣ

Ифтитоҳи намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” дар Осорхонаи миллӣ

Имрӯз, 13.03.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ ва муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ибтидо, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирокчиёни намоишро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, роҷеъ ба мақому манзалати ҷашни Наврӯз ва атрофи намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар кори намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ҳунармандону дустдорони санъату ҳунар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар намоиш ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидошта, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2025 то Наврӯзи 2026 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ҷамъоварӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Зикр гардид, ки дар ин муддат ба фонди Осорхонаи миллӣ 665 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз ин шумора ки аз ин шумора 240 адади он тавассути комиссияи фондӣ харидорӣ гардида, 182 аз ҷониби бостоншиносони муассиса аз ёдгориҳои ҳудуди кишвар кашф шуда ва 243 адади дигараш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳои гуногун ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.

Таркиби осори ба намоиш гузошташударо маводи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангӣ, мусаввараҳо, сиккаҳои давраҳои гуногун, навъҳои гуногуни сузаниҳо ва ҷомаву куртаҳои чакан, ки инъикосгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошанд, ташкил медиҳад.

Ҷойгоҳи махсусро дар намоиш гулдӯзии чакани мунаққаш, ки аз ҷониби 6 нафар чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб дар муддати 6 моҳ ба андозаи 6х6м офарида шудааст дарбар мегирад. Бояд тазаккур дод, ки ин нигора калонтарин гулдӯзии Осорхонаи миллӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар намоиш дастоварди нодири бостоншиносони Осорхонаи миллӣ – кӯзаи дудастаи обгирӣ бо хати қадимаи бохтарӣ, ки дар рафти баргузории ковишҳои бостоншиносӣ аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон кашф гардидааст, ба аҳли намоиш муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки аз Наврӯзи 2025 то Наврӯзи 2026 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 адад осори гуногуни таърихию фарҳангӣ, аз қабили мусаввараҳо бо номи “Тоҷикистони воҳид”, “Девори бузурги Чин”, “Дуои Модар”, Сертификати гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифии гулобии дараи Алмосӣ ва “Кӯза бо нақшу нигори тоҷикӣ” ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидааст.

Намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” то 23.03.2026 идома меёбад.

Марҳабо ба тамошои намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз” дар Осорхонаи миллӣ!