Ифтитоҳи намоишгоҳи адабӣ-мустанади “Бо хуни дил” дар Осорхонаи …

Ифтитоҳи намоишгоҳи адабӣ-мустанади “Бо хуни дил” дар Осорхонаи миллӣ

Имрӯз 25.11.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи адабӣ-мустанади “Бо хуни дил” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Громада Валерий Иванович, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирализода Раҳмоналӣ, директори Осорхонаи давлатии таърихи адабиёти беларус Сергей Иванович Усик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар намоиши мазкур омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, аҳли санъату ҳунар, намояндагони ВАО ва ходимони илмии Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш маҷмуаи ашъори адибону шоирони Беларус ва аксу ашёҳои таърихии иштирокчиёни ҶБВ аз ҳисоби мардони далеру шуҷои тоҷик, ба монанди Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Иброҳимов Муҳаммад, Пираков Толбек, Ҳусайнов Муҳсин, Раҳимов Шариф, Раҳимов Азим, Гурлӣ Расулов, Ҳабиев Вилдан, Аҳмедов Фатҳулло, Ҳайдар Қосимов, Носир Абдуллоев, Тоиров Мамадҷон, Мумин Алимҷонов ва дигарон, ки дар озодшавии Ҷумҳурии Беларус аз Фашизм саҳм гузоштаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобили судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҳунар баргузор мегарданд.