Ифтитоҳи намоиш ба ифтихори Рӯзи Президент
Ифтитоҳи намоиш ба ифтихори Рӯзи Президент
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гаштани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз осори фонди хеш рӯзи 10.11.2023 дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” намоиш ифтитоҳ намуд.
Дар ифтитоҳи намоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовини директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Шоҳрух Асозода, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихор буда, он рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат 5-умин пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфта, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид, ки ин боиси сарбаландии мардуми тоҷик мебошад.
Дар намоиш 19 адад асар аз офаридаҳои мусаввирон ба монанди Хушвахтов Х. “Манзара”, Хошмуҳаммадов М. “Дарёи Сурхоб”, Серебрянский Б. И. “Манзара. Такоб”, Довутов З. “Сарҳади Ватан”, “Абдураҳмонов И. “Баҳор”, “Шарипов С. “Ҳушёрӣ”, Шарипов Қ. “Оби мусаффо”, Файзов К. “Пиряхи Федченко” ва “Пиряхи Бивачний” ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо зебогиҳои манзараҳои кӯҳсорони нотакрори кишвар шинос менамоянд.
Кӯҳҳои осмонбӯси кишварамон манбаи бузурги пиряхҳо мебошанд. Пиряхњо дар навбати хеш чун захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёӣ шуморида шуда, яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини тамоми дунё аз ҷумла, сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кишварамон тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.
Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, 13000 пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, ҳазорҳо чашма ва обҳои маъданӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, рассомон дар асарҳои худ манзараҳои зебо, аз ҷумла пиряхҳо ва табиати диёри кӯҳистонро бо меҳри беандоза зиёд таҷассум намудаанд.
Намоиши мазкур дар ш. Кӯлоб то рӯзи 30.11.2023 идома менамояд.