Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Либоси миллӣ – ёдгоре аз ниёгон» намоиш ва конфронси илмӣ–назариявӣ баргузор гардид

Рӯзи 13.08.2021 Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиш ва конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ – ёдгоре аз ниёгон» баргузор намуд.

Дар ифтитоҳи расмии намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса, Осорхонаи мардумшиносии АМИТ ва дигар олимону донишмандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуд, ки “миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, дар ганҷинаи фарҳанг ва тамаддуни башарият бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст. Яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори миллии халқи тоҷик – ин  либоси миллӣ ба шумор меравад”.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон зиёда аз 600 адад намунаҳои гуногуни либоси миллии тоҷикон аз қабили куртаҳои чакан, атлас, адрас, поҷома, сарбанд, рӯймол, миёнбанд, фаранҷӣ, матоҳои читӣ, шерозаҳо, тумордонҳо, каллапӯшу кулоҳ, тоқиҳо, пояфзолҳо, кафши чӯбину чармин, маҳсӣ ва дигар ашёҳои ороишу зебу зинати миллӣ (ороишоти занона: ангуштарин, дастмона, қулфи гиребон, гӯшвор, тоҷ), ки инъикосгари таъриху фарҳанг, расму оин ва ҳунарҳои мардумии ниёгони тоҷикон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар кори конфронси илмї–назариявӣ доираи васеъи олимон, муаррихон ва муҳаққиқон доир ба таъриху пайдоиш, ташаккулёбӣ ва дигар вижагиҳои хоси либоси миллӣ бо маърӯзаҳои илмии хеш суханронӣ намуданд.

Намоиши «Либоси миллӣ – ёдгоре аз ниёгон»  то санаи 1 сентябри соли 2021 идома ёфта, тамошобинон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг имкон доранд, то аз намунаҳои гуногуни либосҳои миллии тоҷикон дидан намоянд.