Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид

Рӯзи 08.05.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021”, ҳамзамон ба ифтихори 76 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва хонандагони МТМУ №8-и шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 98 адад экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимотҳои ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд. Ба монанди намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёрини ҶБВ: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ, Маҷитов Авғон ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Лавозимотҳои ҷангӣ аз қабили: сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, шинел, гимнастиёрка, миёнбанд ва сумкаи саҳроии Фотеҳ Ниёзӣ, сумкаи тиббӣ ва милтиқи Назира Умарова, дурбини иштирокчии ҷанг Қодиров Чароғ, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. дар намоиш гузошта шудаанд.

Бахшида ба 76-солагии Ғалаба бар фашизм ба собиқадорони ҷангу меҳнат гул ва китобҳо туҳфа карда шуд.

Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 15.05.2021 идома меёбад.