Дар ноҳияи Данғара намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 08.08.2022 дар Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовинони раиси ноҳияи Данғара Саидзода Садриддин ва Абдуллозода Фариза, директори Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара Раҳмонзода Илҳом, кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо зикр намуданд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар самти шинохти қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгони хеш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад. Зеро вақте қишрҳои гуногуни ҷомеа худшиносу худогоҳ бошанду асли худро донанд, пас миллат побарҷову ваҳдати он комил боқӣ хоҳад монд.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида истодааст. Ба ин восита, мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз ин намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара то рӯзи 12 август идома намуда, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.