Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти …
Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем” баргузор гардид
Рӯзи 07.09.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, ҷавонони сохтору мақомотҳои гуногун, муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиёни ҳамоиш аз толори “Истиқлолияти давлатӣ” дар Осорхонаи миллӣ дидан намуда, тавассути нигораҳо бо рӯйдодҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бештар ошноӣ пайдо намуданд.
Сипас дар толори Осорхонаи миллӣ аз ҷониби Шоҳзод Раҳимзода – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлол ба саҳми ҳозирин расонида шуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нусратулло Зикиров, намояндаи шурои куҳансолон Шоназаров Алиҷон иштирок ва доир ба дастовардҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва давлатдорӣ мебошад.
Дар хотима ба як зумра ҷавонони муваффақи кишвар туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим гардид.